Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 11 адад иншооте ҳаст, ки сохтмонашон 10-15 сол пеш оғоз шудаву то ҳол нотамом боқӣ мондаст.

Аз Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд, бояд 11 сохтмоне, ки ҳоло нотамом боқӣ мондаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон тариқи Раёсати сохтмони асосии вилоят сохта шаванд.

Бештари сохтмонҳои яхбаста дар минтақаи Бохтар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошанд, ки  омили асосии тӯл кашидани ин сохтмонҳоро масъулони Раёсати сохтмони асосии  вилоят кам ё тамоман маблағгузорӣ нашудан арзёбӣ карданд.

– Ин сохтмонҳо дар шаҳри Леваканд, Кӯшониён, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ ва ба ин монанд дар чанд шаҳру ноҳияҳо ҳастанд, – гуфтанд аз Раёсати мазкур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь