Кормандони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон то якуми июли соли ҷорӣ  1 миллиону 946 ҳазор сомонӣ музди меҳнати худро нагирифтаанд. Дар ин бора Хоҷазода Иззатулло, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон, имрӯз, 25-уми июл, дар нишасти хабарии ниҳодаш ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки қарзи музди меҳнат бештар дар зерҳавзаи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус-287 ҳазор сомонӣ, Панҷ-185 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун-109 ҳазор сомонӣ, Хуросон-134,7  ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-643 ҳазор сомонӣ ва ба ин монанд дар чанд шаҳру ноҳияҳои дигар ҷой дорад.

Гуфта шуд, ки аз 1 миллиону 946 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат, ки ҷой дошт ба ҳолати имрӯза 500 ҳазор сомониааш пардохт карда шудааст.

Роҳбари ниҳоди мазкур бо боварӣ гуфт, дар ин самт корбариро ҷидди ба роҳ монда, ният доранд то нуҳмоҳаи соли ҷорӣ қарзи музди меҳнатро пурра аз байн баранд.

Ӯ дар идома иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ музди меҳнат 7 миллмону 768 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуда, дар асл бештар аз 8 миллион сомонӣ пардохт гардид,  ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 664 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

– Дар Раёсат музди меҳнати миёна 893 сомониро ташкил дода, бақияи қарзи музди меҳнат ба ҳолати 1. 07. 2024 1 млн 946 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – илова кард Хоҷазода Иззатулло.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь