Аз тарафи нозирони ҳифзи ҷангали вилояти Хатлон тӯли шаш моҳи соли 2022-юм нисбати харобкорони ҷангал 442 санади қонунвайронкунӣ ҷангал ба маблағи 127 ҳазору 653 сомонӣ тартиб дода шуд.

Дар нишасти хабарӣ муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон  Мираҳмад Давлатов иттилоъ дод, ки аз санадҳои тартиб дода шуда 274 ададаш буридани худсаронаи ҷангал, 90 санад чорвочаронии худсарона,  59 санад ҷамъоварии худсаронаи маҳсулоти ҷангал, 10 санад шикори ғайриқонунӣ ва 9 санад қонунвайронкуниҳои дигар мебошанд.

Ӯ афзуд, ки дар ин давра дар вилоят дар майдони 348 гектар ҷангалҳои нав бунёд карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here