Дар баробари талбандаҳои қавми ҷӯгӣ, ки талбандагиро барои худ касб ва мероси гузаштагонашон медонанду онро ба ҳеҷ ваҷҳ тарк карданӣ нестанд, дар шаҳри Душанбе сафи талбандаҳо аз мардуми маҳаллӣ низ афзоиш ёфтааст.

Қаблан хеле зиёд ва феълан баъзан вақт талбандаҳои ҷӯгиро бо кӯдакону тифлони ширхора дар даст сари ҳар як гардишҳои роҳи нақлиётгард ва зери чароғакҳои роҳнамои шаҳри Душанбе вохӯрдан мумкин аст. Баъд аз он ки мақомот даст ба кор шуду “облава”-и талбандаҳои сарироҳӣ сар шуд, селаи ҷӯгиҳо талбанда ба назди масҷидҳо рехт. Айни ҳол талбандаҳои зиёди маҳаллӣ ва қавми ҷӯгиро назди масҷидҳои шаҳри Душанбе вохӯрдан мумкин аст, ки ба қавле, барои худ “ҷой” доранд ва талбандаи дигаре ҳақ надорад дар ҷойи онҳо истода, талбандагӣ кунад. Ин ҳолат аз муноқиша миёни як зани маҳаллӣ ва ҷӯгидухтар дар назди масҷиди “Ҳамадонӣ”-и шаҳри Душанбе рӯи навор омадааст. Шоҳидон мегӯянд, ки хархаша барои ҷой сурат гирифтааст. Ҷӯгидухтар дар ҷое, ки қаблан ин зан талбандагӣ мекардааст, истода “савдои” ӯро задааст ва мизоҷонашро кам кардааст. Як нозири минтақавӣ бо номи Палвон ба миён даромада, бо дашноми қабеҳ ҳарду талбандаро аз назди масҷид меронад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь