Чаро ҳазинаи таҳсил дар литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе афзуд? Дар ин бора дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1-уми феврал баргузор гардид, аз сардори хадамот Муминзод Абдулмаҷид Мубин суол шуд. Сардор аз ин ҳолат хабар надоштани худро таъйид кард.

“Имрӯз дар муассисаҳои хусусӣ бе маоши баланд мутахассис кор намекунад. Новобаста аз оне, ки дар соҳаи маориф чанд дарсад боло бурдани ҳазинаҳоро пешниҳод мекунанд, вале фақат ба аз 8 то 10% афзудан иҷозат шудааст”, – гуфт сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Муминзод Абдулмаҷид зимни нишасти хабарӣ.

Муминзод бар он таъкид кард, ки сохторҳои маҳаллии Хадамоти зиддинҳисорӣ дар тобеъиятӣ ин ниҳод нестанд, чунки мабалғгузорӣ ва таъйинои ин сохторҳо аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ аст.

Дар ин баробар, ӯ қайд кард, ки шикояти то 100 дарсад боло рафтани ҳазинаи таҳсил дар литсею гимназияҳои шаҳриро дида мебароянд. Муминзод Абдулмаҷид дар бораи ҳазинаи таҳсили соли хониши 2022-2023 низ гуфт.

“Нархи соли хониши 2022-2023 барои тамоми муассисаҳои соҳаи маориф бе тағйир боқӣ мемонад. Ин дастур ба тамоми муассисаҳо дода шудааст”, – гуфт сардори хадамот.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь