Хабарнигори вебгоҳи “Фараж” Раҳмоналӣ Додархӯҷаев дар озмуни “Беҳтарин маводи журналистӣ”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баргузор гардид, дар номинатсия беҳтарин маводи электронӣ ҷойи аввалро сазовор гардид.
Имрӯз зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим ба хабарнигори “Фараж” Раҳмоналӣ Додархӯҷаев диплом ва дигар туҳфаҳои арзанда тақдим карда шуд.
Дар ин баробар чанде аз дигар намояндагони ВАО низ дар ин озмун аз тарафи мақомоти шаҳр қадрдонӣ гардиданд.
Блоки рекламавӣ