Хабарнигори рӯзномаи “Фараж” Раҳмоналӣ Додархӯҷаев дар озмуни “Эъҷози истиқлол”, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии кишвар бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 6-уми парели соли 2020 эълон гардида буд, дар номинатсияи “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардид.

Озмуни “Эъҷози истиқлол” дар рӯзи таҷлили  90-солагии рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд. Дар озмун 22 журналисти расонаҳои гуногун иштирок карда, зиёда аз 200 маводро аз руйи ду номинатсия “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ” ва “Беҳтарин барномаи телевизонӣ”пешниҳод карда буданд.

Дар байни 22 жӯрналист хабарнигори рӯзномаи “Фараж” Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, аз руйи номинатсия “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардид, ки онро дар вазъияти тантанавӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  ба ӯ супорид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь