Рӯзҳои 24-26 октябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати парламентии Тоҷикистон иборат аз раисони Кумитаву аъзои Маҷлиси миллӣ, роҳбарони як қатор вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ҷиҳати иштирок дар кори Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанд.
Қабл аз шурӯи кори Форум ҷиҳати омодагиҳои амиқ ба баррасии масоили 5 мизҳои мудаввари он, ки мутаносибан “Такмили асосҳои ҳуқуқӣ – омили муҳимми ҳамкориҳо”, “Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ – тақозои замон”, “Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ”, “Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо”, “Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ” номгузорӣ гардида буданд, шоми 24 октябри соли 2018 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони муқими Россия, ки дар шаҳру вилоятҳои он фаъолияти судманд менамоянд, молоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамватанони бурунмарзӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ сухан ронда, аз аҳамият ва нақши робитаҳои байнипраламентӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари давлат бо Федератсияи Россия махсус таъкид намуд.
Сипас, зикр сохт, ки бо тафовут аз форумҳои гузашта, ин навбат он бо ширкати фаъолонаи роҳбарияти Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, вазорату сохторҳои марбутаи Ҳукумати Россия ва доираи васеи соҳибкорӣ дар бинои Шӯрои Федератсия доир мегардад ва дар баррасии масъалаҳои марбутаи 5 мизҳои мудаввари зикршуда ва ҷаласаи Пленарии Форум бори нахуст ҳамаи Шумо 113 нафар роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони тоҷикистонии муқими Россия, ки аз ҷониби Сафорат бо ибтикори Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаед, ширкат хоҳед кард.
Зимнан, аз ҳар кадоме даъват ба миён овард, ки дар кори мизҳои мудаввари вобасташуда ва баррасии мавзӯъҳои матраҳшавандаи он бо дарки масъулият ва касбияти хосса ширкат варзида, Форуми мазкурро ҳамчун майдони воқеии масъалагузории мушкилоти заминаҳои ҳуқуқидоштаи тарафҳо ҳадафманду пурсамар истифода намоянд.
Иштирокчиёни мулоқоти озоду ошкоро бо сипосмандӣ аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат нисбати онҳо хоҳиш намуданд, ки дар сатҳи мулоқотҳои дарпешистода оид ба ҳалли қазияи мубрами муҳоҷирони меҳнатӣ, қабл аз ҳама нисбати муҳоҷирони тоҷикистонии вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ ва баҳри бархурдорӣ аз таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин омӯзиши забони модарӣ аз ҷониби фарзандони наслҳои дуюму сеюми ҳамватанони бурунмарзӣ, махсусан муҳоҷирони меҳнатии дар Федератсияи Россия иқоматдошта ташкили синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна ё худ бо ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби ҷамъиятҳои тоҷикон ҷиҳати роҳандозии таълим бо забони тоҷикӣ дар рӯзҳои якшанбе дар мактабҳои амалкунанда дар ҳудуди Федератсияи Россия мусоидат карда шаванд.
Субҳи 25 октябр дар доираи сафари кории худ ба Федератсияи Россия Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия ҷаноби Вячеслав Викторович Володин мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ, ки бо иштироки васеи ҳайати Тоҷикистон сурат гирифт, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубрамияти ҳал ва ба низом даровардани мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус зарурати аз ҷониби корфармоён пардохт намудани музди меҳнат ва таъмин кардани нафақаи муҳоҷирони меҳнатиро ба баррасӣ гирифта, афзуд, ки муҳоҷират тавлидаи замони мо ё худ асри навин нест ва муҳоҷирон назар ба давлати худ ҳамеша ба кишвари иқоматашон манфиати бештар меоранд.
Дар ин росто, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили фароҳам овардани шароитҳои мусоид, қабл аз ҳама оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи созишномаҳои баимзорасидаю меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофшудаи ҷонибҳо, мушкилоти 208 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистонии вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ, баррасии мунсифонаи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти судии Федератсияи Россия, ташкили синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои Федератсияи Россия ё худ бо ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби ҷамъиятҳои тоҷикон роҳандозии таълим бо забони тоҷикӣ дар рӯзҳои якшанбе дар мактабҳои амалкунандаро тақозои замон шуморида, бо инобати тамоюли профитситии буҷети Федератсияи Россия барои соли 2019, ки ҷаноби Вячеслав Володин зикр намуд ва аллакай дар хониши аввал аз ҷониби Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Россия баррасӣ гардидааст, хоҳиш намуд, ки иловатан ба 5 мактаби дар доираи ташаббус ва тафоҳумоти Сарони кишварҳо баҳри бунёдашон дар буҷети соли 2019 маблағи 6 млрд рубли Россия пешбинӣ шудааст, ки ба ҳар як мактаби дорои 1200 ҷойи нишаст 1,2 млрд рубли Россия рост меояд, банақшагирии сохтмони 1 мактаби дигар бо таълимоти русӣ дар буҷаи соли 2020, инчунин ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизм ва таҳлили воқеии ҳолати амалкарди созишномаҳои дуҷонибаи сатҳҳои гуногунро дар муҳити корию касбӣ матраҳ намуданд.
Нимаи дуюми 25 окятбр қабл аз ифтитоҳи ҷаласаи Пленарии Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» мулоқоти дуҷониба таҳти раёсати раисони палатаҳо бо иштироки модераторони мизҳои мудаввар аз ҳар ду ҷониб дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гардид.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мушкилоти 208 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистонии вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ, ташкили «роҳравҳои сабз» ҷиҳати интиқоли бемамонияти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон ба ҳудуди Федератсияи Россия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатию марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ, зиёд намудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии Россия, ҷалби бештари сармоя ва технологияҳои муосири инноватсионии Россия дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқ, муҳокимаи мунсифонаи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақомоти судии Федератсияи Россияро мавриди муҳокимаву чораандешӣ қарор доданд.
Валентина Матвиенко ҷавобан ба масъалагузориҳои Раиси Маҷлиси миллӣ афзуд, ки ҷониби Федератсияи Россия бобати бунёди марказҳои муосири логистикӣ, ташкили «роҳравҳои сабз» бо мақсади интиқоли бемамонияти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон ба ҳудуди Федератсияи Россия ва дар ин зимн ба роҳ мондани амалиётҳои бонкӣ бо асъори миллии кишварҳо омода буда, дар асоси риояи манфиатҳои мутақобилан судманд оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба мушкилоти зикргардидаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон чораҳои амалӣ хоҳад андешид.
Раиси Маҷлиси миллӣ дар навбати худ бо қаноатмандӣ зикр сохт, ки дар асоси ташаббуси президентони кишварҳоямон нисбат ба он шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки ба рӯйхати ашхоси вурудашон ба Федератсияи Россия маъншуда дохил буданд, аз 24 март то 24 апрели соли 2017 маъракаи қонунигардонӣ эълон ва татбиқ гардид. Мутаассифона, бинобар кам будани муҳлат ва аз бе иттилоотӣ 70 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар муҳлати муқарраргардида натавонистанд ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва айни ҳол дар маҷмуъ шумораи онҳо беш аз 208 ҳазорро ташкил додааст.
Вобаста ба ин, тибқи дархосту пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба бознигарии масъалаи мазкур, дар навбати аввал барои 70 ҳазор муҳоҷирони зикршуда бо дастгирии бевоситаи Валентина Матвиенко мақоми салоҳиятдори Федератсияи Россия оиди ҳалли мусбии он ризоият доданд. Ҷиҳати дарёфти ҳалли мусбии қазияи 138 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии мамнӯъ ба Кумитаҳои зидахли Шӯрои Федератсия оид ба мудофиаву амният ва корҳои байналхалқӣ дар якҷоягӣ бо вазорати корҳои дохилию хадамоти муҳоҷират дастури роҳбарияти олии кишвари қабулкунанда ироа гардид, ки татбиқи минбаъдаи ин раванд зери назорати Шӯрои Федератсия қарор гирифта, ин нукта дар Ҳуҷҷати хотимавии Форум дарҷ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои судманд Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаноби Вячеслав Володин ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия хонум Валентина Матвиенко пешниҳодоти Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар хусуси роҳандозии таълим бо забони тоҷикӣ дар рӯзҳои якшанбе дар мактабҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ва дар буҷаи соли 2020 банақшагирии сохтмони 1 мактаби дигар бо таълимоти русӣ дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, иҷрои онҳоро ба сохторҳои дахлдор иловатан вогузор намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоти дуҷониба 25 октябр дар толори маҷлисҳои пленарии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таҳти садорати Валентина Матвиенко ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Пленарии Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» бо ширкати фаъолонаи роҳбарияти Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, вазорату сохторҳои марбутаи Ҳукумати Россия, доираи васеи соҳибкорӣ ва намояндагони ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он, қабл аз ҳама Паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокдорони Форум қироат гардида, Валентина Матвиенко ва Маҳмадсаид Убайдуллоев бо маърӯзаҳои барномавӣ ба кори он оғоз бахшиданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ тибқи тафоҳумоти ҳосилшуда зимни мулоқот бо ҳамтоёни худ, ҳангоми суханронии хеш аз дастгирии Валентина Матвиенко оид ба роҳандозӣ гардидани лоиҳаи сафарбарсозии омӯзгорони рус ба мактабҳои Тоҷикистон, ки дар ҷаласа роҷеъ ба он филми мустанад намоиш дода шуд, ҳамзамон нисбати пазируфтан ва омода будани мавсуф ҷиҳати мусоидат ба баррасии бознигарии масъалаи 208 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистонии вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ, изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, зикр сохт, ки тасмимҳои ба дастомада барои таҳкими робитаҳои байнипарламентиву байнидавлатӣ нақши муассир хоҳанд гузошт.
Қобили зикр мебошад, ки зимни баррасии масъалаҳо бо Валентина Матвиенко ҷиҳати ҳадафрас намудани тадбирҳои андешидашаванда қарор гардид, ки баҳри зери назорати қатъӣ гирифтани иҷрои ҳамагуна қарорҳову созишномаҳои қабулгардида ҷаласаҳои сайёри Комиссияи байнипалатавии амалкунанда байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия соле на кам аз 2 бор дар минтақаҳои кишварҳо доир карда шаванд ва ин нуктаро ҳайати Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия зимни баргузории ҷаласаи кории худ тасдиқ карданд.
Тазаккур бояд дод, ки дар фосилаи баргузории мулоқотҳои дуҷониба фаъолияти иштирокдорони Форум аз ҳар ду ҷониб дар 5 мизҳои мудаввар дар фазои мубоҳисаҳои касбӣ хело ҳадафманду пурсамар бо ширкати фаъолона ва масъалагузориҳои ҷолиб аз ҷониби роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони тоҷикистонии муқими Россия идома ёфтанд, ки ҷараёни ҳар кадоме ба таври мустақим дар шабакаҳои федералӣ ва иҷтимоӣ пахш гардиданд.
Форум бо қабули Ҳуҷҷати хотимавӣ ва самараҳои умедбахши худ баҳри рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманду бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия хотирмон ба фарҷом расид, ки дар маҷмӯъ аз ҳар ду ҷониб дар кори он 237 нафар ширкат варзиданд.