Садҳо нафар сокини бегуноҳи кишвари Ховари Миёна дар маҳбасхонаи Гуантанамо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон аз ҷониби низомиён ва мақомоти махсуси ИМА ва шарикони низомии ӯ бо даҳшатноктарин усулҳои ҷазодиҳӣ мавриди шиканҷаи шадид қарор мегиранд. Баъди шиканҷаҳои зиёд ва боздошти шахсони бегуноҳ дар маҳбасхонаҳои Гуантанамо афроди зиёде ба хотири бегуноҳ буданашон озод гаштанд. Чаро Департаменти ИМА дар бораи ин омили хатарноки байналмилалӣ ва зиддибашарӣ сухан намегӯяд?

Департаменти давлатӣ (Вазорати хориҷа)-и ИМА рӯзи 13-уми март гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2018-ро нашр кард. Ин Департамент бидуни ташхиси дуруст ва маълумоти дақиқи ҳуқуқӣ дар бахши Тоҷикистон гузориши бемантиқ ва туҳматангезро дастраси ҷомеаи башарӣ намудааст. Аз назари Департаменти давлатии ИМА, гӯё “Тоҷикистон як давлати худкомаест, ки сиёсаташ дар дасти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдорони ӯ қарор дорад ва бинобар сабаби ин омили манфӣ дар Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон осебпазир гаштааст. Мақомоти дахлдори давлатии кишвари Тоҷикистон нисбати маҳбусони сиёсӣ ва дигар боздоштшудагон дар маҳкамаҳо шиканҷаву бадрафторӣ менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ бо шабакаҳои иҷтимоии интернетро худсарона маҳдуд намуда, сокинони кишварро аз истифодаи ҳаррӯзаи иттилоот маҳрум менамояд. Коррупсия ва хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти умдаи ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад”. Департаменти ИМА ҳамчунин изҳор намудааст, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни содир намудани ягон ҷиноят дар асоси ғаразҳои сиёсиву инфиродӣ аз озодӣ маҳрум карда мешаванд”.

Департаменти мазкур барои асоснок намудани туҳмат ва буҳтонҳои бофтаи худ боздошти рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов аз вилояти Суғд, Фарҳод Худоёров аз ноҳияи Рашт ва Шуҳрат Қудратов аз шаҳри Душанберо мадрак ва асноди худ қарор додааст.

Аз баррасии гузориши мазкур маълум ва ошкор мегардад, ки  он ғаразнок ва якҷониба буда, мавриди пазириши ақли солим нест.

Воқеят ва ҳақиқат баръакси гузориши Департаменти ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад. Бояд таъкид кард, ки рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов ва ҳимоятгарон Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов бо ҷурми қаллобӣ, пораситонӣ ва бо роҳи фиреб аз худ намудани маблағҳои калони пулӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвари Тоҷикистон дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ҳангоми тафтишоти пешакӣ нисбати афроди номбаргардида ягон усули зӯроварӣ ва шиканҷа истифода нашудааст. Номбаршудагон ба ҷиноятҳои содирнамудаи худ иқрор гашта, аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Фарҳод Худоёров – сокини ноҳияи Рашт бошад, бо ҷурми ифротгароӣ ва узви ҳаракати экстремистии салафия буданаш боздошт гашта, пас аз таҳқиқ ва тафтишоти дақиқи салоҳиятдор ӯ низ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гаштааст.

Ба самъи Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон мерасонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори ин кишвар дар асоси Конститутсия ва барномаҳои байналмиллалӣ, оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон фаъолият менамоянд. Мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ, озодиҳои инсон, муқовимат алайҳи терроризми байналхалқӣ ва экстремизм, таъмини амнияти давлатӣ-ҷамъиятӣ дар доираи муқаррарнамудаи Қонун фаъолият намуда, нисбати ягон инсон ва шаҳрванд аз усулҳои зӯроварӣ ва шиканҷа истифода намебаранд.

Рӯзноманигор Х. Мирсаидов, ҳимоятгарон Б. Ёров, Ш. Қудратов ва Ф. Худоёров ба хотири мавқеи сиёсӣ ё муборизаи сиёсиашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд. Ҳар инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоби дин, сиёсат ва дигар арзишҳои башарӣ озод мебошад. Аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон то имрӯз ягон шаҳрвандро ба хотири доштани ақидаи сиёсӣ ё фаъолияти сиёсӣ дар кирдораш боздошт карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардаанд. То ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати аз озодӣ маҳрум сохтани шаҳрванд ба хотири мавқеи сиёсӣ доштанаш ба қайд гирифта нашудааст.

Хуб мешуд, ки Департаменти давлатии ИМА ҳангоми таҳлил ва баррасии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, вазъи ҳуқуқӣ ва ҷиноятии минтақа ба сарчашмаҳои муътамади ҳуқуқӣ ва марказҳои дурусти таҳлилӣ такя намояд. Зеро таҳлил ва хулосабарориҳои якҷонибаи Департаменти ИМА эътибор ва эҳтироми ин ниҳодро дар арсаи байналмилалӣ бадном месозад.

Таҳлил ва мушоҳидаҳои айнӣ нишон медиҳанд, ки ИМА барои ҳадафҳои геополитикии худ дар тамоми нуқтаҳои ҷангӣ даст ба хушунат ва шиканҷаю озордиҳӣ мезанад, вале дар мавриди шиканҷаю озордиҳии сокинони бегуноҳи дигар кишварҳо аз ҷониби низомиёни кишвари Амрико даҳон намекушояд. Хуб мешуд, ки ба ин нуқтаи ёдоваршуда Департаменти мазкур таваҷҷуҳ зоҳир менамуд ва аз хулосабарориҳои ғаразнок нисбати дигар кишварҳо даст мекашид.

Холназар Сидиқов, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь