Раисиҷумҳури Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ аз тарки мақом худдорӣ кард ва аз ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” тақозо кард, то санаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ, рӯзи 29-уми декабр, яъне замони ба охир расидани салоҳияти раёсати ҷумҳурии ӯ ба мувофиқа расад, хабар медиҳад ТАСС.

Зурабишвилӣ рӯзи 22-юми декабр дар як гирдиҳамоӣ дар маркази Тифлис суханронӣ карда, ба таҳдиди боздошташ аз ҷониби нахуствазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе вокуниш нишон дод. Кобахидзе раисиҷумҳурро аз даъвати баргузории интихоботи нави порлумонӣ ҳушдор дода гуфт, ки вагарна барои ин ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Зурабишвилӣ гуфт, ки аз ҳеҷ чиз наметарсаду дар кишвар боқӣ мемонад ва афзуд, ки намехоҳад Тихановскаяи нав шавад.

Салоҳиятҳои Зурабишвилӣ рӯзи 29-уми декабр ба охир мерасад, вай талаб кард, ки то ин рӯз санаи нави интихобот таъйин карда шавад ва аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки аз мухолифони Гурҷистон пуштибонӣ кунад, хабар медиҳад шабакаи “Огоҳ, хабар”.

29-уми декабр маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нав Михаил Кавелашвилӣ, ки коллегияи интихоботӣ рӯзи 14-уми декабр ба тарафдории ӯ овоз дод, баргузор мешавад. Дар ин рӯз муҳлати ваколати Зурабишвилӣ ба поён мерасад, аммо вай эълом мекунад, ки дар мақоми раисиҷумҳури кишвар боқӣ мемонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь