90-умин солгарди умри Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта бо далели даргузашти Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи Иттифоқи нависандагон, ба таъхир афтода буд, дар Душанбе таҷлил гардид.

Шоирону нависандагон ва аҳли зиёи кишвар аз Муъмин Қаноат ёд карданд.

Низом Қосим, раиси кунунии Иттифоқи нависандагон, хотироти шоири шаҳир Боқӣ Раҳимзодаро дар ин маҳфил гуфт. Ӯ нахустмулоқоти Муъмин Қаноат бо Раҳимзодаро аз дафтари шоир ҳикоят кард.

Гулрухсор, аз дастпарварони Муъмин Қаноат, дар қолаби тоза нигоштани шеъру достонҳои шоирро таъкид дошт ва афзуд, “баъди Қаноат, мо шарм доштем, ки шеъри бад бигӯем”.

– Муъмин Қаноат устоди ду давраи таърихии миллати тоҷик аст, – гуфт Гулрухсор.

Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳоб, Ҳафиз Раҳмон ва дигар аҳли зиёи кишвар ёди шоир карданд. Китобҳои тозанашр перомуни рӯзгору осори Муъмин Қаноат дар ин маҳфил муждаоварӣ шуд

Бояд гуфт, фарзандони шоир дар ин маҳфил иштирок доштанд ва 90-умин солгарди Муъмин Қаноат бо базму суруд анҷом ёфт.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз бунёдгузорони шеъри миллӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аст, ки соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт.

Муъмин Қаноат солҳои зиёде дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба унвони муовини раис дар замони Турсунзода ва ба сифати раиси ин ниҳод пас аз марги Турсунзода то поёни Шӯравӣ кор мекард. Ӯ дар поёни Шӯравӣ вакили маҷлиси ИҶШС буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь