Дар рӯзи таҷлили иди матбуоти тоҷик – 11 март, ки  санаи нашри аввалини нашрияи миллӣ “Бухорои шариф” аст, рӯзномаи “ Ҷавонони Тоҷикистон” маҷмуаи очерку мақола, лавҳаю мусоҳибаҳоро роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Гулчеҳра Фозилова аз чоп баровард.

Маҷмуа дар арафаи 75-солагии Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷойизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Гулчеҳра Фозилова зери сарпарастии нашрия ба дасти нашр расидааст.

Маҷмуа аз 144 саҳифа иборат буда, дар нашриёти “Шарқи озод”  бо теъдоди 200 нусха ба дасти хонандагон расид. Мураттиби маҷмуа котиби масъули нашрия Хуршед Ховарӣ буда, зери назари сармуҳаррири нашрия Шодихони Назар ба нашр омода шудааст.

Садоқат Ширинбекова, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь