Доналд Трамп пас аз интихоб шуданаш ба вазифаи президенти ИМА бори сеюм бо президенти Русия Владимир Путин телефонӣ гуфтугӯ мекунад. Пас аз сӯҳбат ҳарду раҳбар изҳороти кӯтоҳе карданд, аммо ҷузъиётро нагуфтанд.
Суҳбати Путин бо Трамп тақрибан ду соат идома кард. Пас аз ин, Путин ба хабарнигорон гуфт, ки “ба президенти Иёлоти Муттаҳида барои пуштибонии ИМА барои азсаргирии музокироти мустақими Русия ва Укроин дар мавриди имзои эҳтимолии созиши сулҳ изҳори сипос кардааст”. Вай ҳамчунин гуфт, ки Русия омода аст, бо Укроин дар бораи “меморандум дар бораи созиши сулҳи оянда дар бораи Укроин” ҳамкорӣ кунад.
“Музокироти Русия ва Укроин фавран оғоз мешавад. Ватикан, ки аз ҷониби Поп намояндагӣ мекунад, изҳор дошт, ки ба баргузории музокирот хеле манфиатдор аст. Бигзор раванд оғоз шавад!”, навишт Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth. Трамп ҳамчунин гуфтугӯи телефонӣ бо Путинро “хеле хуб” номид. Ба гуфтаи ӯ, Маскав мехоҳад, ки бо анҷоми ҷанг дар Укроин равобити тиҷорӣ бо Амрикоро густариш диҳад.