Нархи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки моҳе пеш 7,5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 5 сомониву 10 дирам то 4,80 дирам баробар шудааст.
Аммо нархи роҳкиро аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофирбар ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Ронандагони воситаҳои нақлиёт аз поён рафтани нархи гази моеъ хушҳол мебошанд, аммо мусофирон аз он гила доранд, ки ҳарчанд нархи газ то 3 сомонӣ арзон шуда бошад ҳам, нархи роҳкиро ҳамоно бетағйир боқи мондааст.
Коршиносон омили арзон шудани нархи гази моеъро афзоиши воситаҳои нақлиёти барқи дар кишвар ва поён фаромадани нархи гази моеъ дар кишварҳои истеҳсолкунанда арзёбӣ карданд.
Блоки рекламавӣ