Дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага муҳокимаи парвандаи президенти пешини ҷумҳурии қисман эътирофшудаи Косово Ҳошим Тачӣ, ки ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мешавад, оғоз шуд.

Ба гузориши ВВС, ин иттиҳом ба давраи охири солҳои 90-уми қарни гузашта, ки ӯ раҳбарии Артиши озодихоҳи Косово (АОК), ки барои истиқлол аз Сербистон меҷангид, рабт дорад. Тачӣ ба даҳ ҷинояти ҷангӣ, аз ҷумла куштор, гум шудани одамон, таъқиб ва шиканҷа муттаҳам мешавад.

Дар ин парванда боз се узви собиқи АОК Кадрӣ Веселӣ, Якуп Красничӣ ва Реҷеп Селимӣ даст доранд. Тачӣ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, ки худро гунаҳкор намедонад. Се муттаҳами дигар низ ба гуноҳашон иқрор нашуданд.

Тачӣ моҳи ноябри соли 2020 айбдор карда шуд. Пас аз ин, ӯ курсии президенти Косоворо тарк кард. Тачӣ аз моҳи апрели соли 2016 раҳбарии ҷумҳурии қисман эътирофшударо бар ӯҳда дошт ва қабл аз ин дар мақоми нахуствазир, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷии Косово кор кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь