«Соро компания»-и Душанбе соли дуюм пайиҳам аст, ки бар «Сипар»-и Хуҷанд (4:2) ғолиб омада, барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон мешавад.

Рӯзи 14 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бозии Суперҷом-2022 бо ҳузури 850 тамошобин баргузор шуд. Аз ҳайати тими Душанбе легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода дубл кард. Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров якголии дигар заданд. Аз ҳайати бошгоҳи шаҳри Хуҷанд Абдусамад Раҳмонов ба номаш ду голро сабт кард.

Бозигари беҳтарини вохӯрии Суперҷоми Тоҷикистон-2022 дарвозабони эронии дастаи «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ гардид, ки ду дабл-пеналтиро баргардонида, дар чанд лаҳзаҳои дигари хатарнок дарвозаашро аз гол эмин дошт.

Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2022

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 4:2

Голҳо: Идрис Ёров, 10 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 11 (2:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 18 (3:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 28 (4:0).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here