Шоми дирӯз дар Қасри теннис ва варзиши обии Душанбе вохӯрии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Бозӣ бо бартарии дастаи Русия, ки дар мусобиқаҳои Аврупову ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст, оғоз шуд. Дар дақиқаҳои аввал меҳмонон бо ду гол ба пеш баромаданд. Ба назар чунин мерасид, ки ҳисоб боз ҳам афзун шуда, дастаи Русия бо натиҷаи бузург бозиро бар нафъи худ анҷом медиҳад, аммо бозигарони Тоҷикистон зуд ба худ омаданд ва дарҳол бо 3 гол ҷавоб гардонда, ба пеш баромаданд. Меҳмонҳо ҳам зуд ҳисобро баробар карданд ва қисми аввал бо натиҷаи 3:3 ба охир расид.

Дар қисми дуюм бартарӣ пурра ба ҷониби соҳибони майдон буд. Ҳамин буд, ки онҳо бо натиҷаи 10:7 пирӯз шуданд. Дар ин бозӣ Янар Асадов аз дастаи Русия 5 гол зад, Файзалӣ Сардоров аз дастаи Тоҷикистон 4 голро ба номи худаш навишт.

Шоми имрӯз бозии дуюми дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Русия дар ҳамин толор баргузор мешавад.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Русия – 10:7

Голҳо: Янар Асадов, 2 (0:1). Сергей Денисов, 7 (0:2). Идрис Ёров, 12 (1:2). Бахтиёр Солиев, 13 (2:2). Дилшод Саломов, 18 (3:2). Янар Асадов, 18 (3:3). Файзалӣ Сардоров, 25 – аз пеналтӣ (4:3). Артём Ниёзов, 26 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (5:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (6:4). Янар Асадов, 29 (6:5). Бахтиёр Солиев, 31 (7:5). Файзалӣ Сардоров, 33 (8:5). Янар Асадов, 38 (8:6). Янар Асадов, 39 (8:7). Идрис Ёров, 40 (9:7). Дилшод Саломов, 40 (10:7).

7 ноябр. Душанбе. Қасри теннис ва варзиши обӣ. 2750 тамошобин.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь