Шогирдони Аҳлуддин Турдиев шомгоҳи 26 июн дар дидори охири рақобатҳои гурӯҳӣ дар Қоҳира бо натиҷаи пурголи 5 : 0 бар ҳамсолони худ аз Ҷибутӣ пирӯз омада, бо касби шаш имтиёзу дарёфти мақоми дуюм дар гурӯҳашон, ба даври чаҳоруякумниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Абдулфаттоҳ Худойдодзода аз ситораҳои пурфурӯғи ин дидор буд, ки ду голро ба номи худ сабт кард. Се голи дигарро ба дарвозаи рақиб Кабир Салимшоев, Салам Ашурмуҳаммадов ва Фахруддин Аҳтамов заданд.

Ҷойи нахустро дар ин гурӯҳ наврасони Марокаш ба даст оварданд, ки дар дидори ниҳоӣ бо задани се гол ба даврвозаи Имороти Муттаҳидаи Араб, иморотиҳоро аз саҳнаи рақобатҳои баъдӣ берун карданд.

Рӯзи 29 июн дастаи наврасони Тоҷикистон (U-19) дар баробари мизбони ин мусобиқа, ҳамсолони мисрии худ, вориди майдон мешавад. Мисриҳо дар дидорҳои гурӯҳӣ бо касби се пирӯзӣ (бар Алҷазоир, Нигериё ва Мавританиё) ва нуҳ имтиёз садрнишин омаданд ва ин дидори наврасони Тоҷикистон бо онҳо як имтиҳони ҷиддие дар баробари ин рақиби мизбону қудратманд хоҳад буд. Ҳоло ду пирӯзии пайиҳам ва аз ҷумла, ғалабаи дурахшон бар Имороти Арабӣ, наврасони дастаи Тоҷикистонро руҳияи хубе додааст ва метавон ба футуҳоти дигари наврасонамон умед баст.

О. Шакурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь