Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Далер Каёсов дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2025), ки аз 24 то 31-уми май дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Дар чемпионати CAFA-2025 шаш дастаи минтақа Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон бозӣ мекунанд.
Дар қуръакашии мусобиқа дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Инчунин, бозӣ барои ҷойҳои панҷум-шашум баргузор мешавад.
Блоки рекламавӣ