Дастаи мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар шаҳри Душанбе ба машғулиятҳои машқию омӯзишӣ шуруъ кард.

Ба ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Усмон Тошев бозингаронеро даъват кардааст, ки дар ҳайати дар дастаи мунтахаби кишвар дар бозӣ муқобили Уммон ва Баҳрайн набуданд. Футболбозоне, ки дар бозиҳои моҳи декабр маҳорати хуб нишон доданд, баъдтар ба машғулиятҳо ҳамроҳ мешаванд.

Дар натиҷаи машғулиятҳои машқӣ-омӯзишии Душанбе ҳайати даста барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Қатар интихоб мегардад. Дар Доҳа дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили дастаҳои олимпии Эрон (15 январ), Қатар (18 январ) ва Кувайт (21 январ) бозӣ мекунад.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии кишвар ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи интихобӣ, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, дастаи кишвари мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш дастаҳои Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.

Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони чемпионат – дастаи мунтахаби Тайланд дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунад, ё миёни 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки нишондиҳандаи хуб дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад.  

Се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд. 

Ҳайати дастаи футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади машқӣ-омӯзишии Душанбе:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Муҳофизатгарон: Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Султоншо Мирзоев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдои Гулмурод, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»), Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»);

Ниммуҳофизатгарон: Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Худойдод Узоқов («Хатлон»);

Ҳуҷумкунандаҳо: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳром Самиев («Сомон»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь