Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи «Истиқол»-и шаҳри Душанбе Нуриддин Давронови 28-сола бо дастаи «КФ Оман», ки дар мусобиқаи Лигаи олии кишвари Султонишинии Уммон бозӣ мекунад қарордоди яксола ба имзо расонд.

Кова Тилавпур, агенти Нуриддин  Давронов, дар ин бора чунин гуфт:

– Мо ба ғайр аз кишвари Уммон аз давлатҳои  Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Индонезия низ пешниҳодҳо доштем, вале  барои беҳтар шудани корномаи варзишӣ кишвари Султонишинии Уммонро интихоб кардем.

Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Давронов фаъолияти варзишии худро дар дастаи «Смена»-и кишвари  Белорус шуруъ карда, дар дастаҳои «Барқчӣ», «Локомотив-Москва», «Истиқлол»-и Душанбе, «Слобода»-и Сербистон, «Дунав»-и Булғористон, «Мадура Юнайтед»-и кишвари Индонезия идома додааст. Охарин дастае, ки Давронов пеш аз ин қарордол дар ҳайати он бозӣ мекард, дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь