Футболбози навраси тоҷик Зафари Баҳруллозода ба Академияи футболи дастаи “Реал Мадрид”, ки дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Узбакистон қарор дорад, гузариш анҷом дод. Дар ин бора падари футболбоз, Баҳрулло Шарифов ба мо иттилоъ дод.
Зафар писари яке аз мухлисони футболи тоҷик Баҳрулло Шарифов мебошад. Ӯ зодаи шаҳри Ҳисор буда, дар майдон ба ҳайси дарвозабон ҳунарнамоӣ мекунад.
Ин дарвозабони навраси тоҷик дастпарвари мактаби футболи шаҳри Ҳисор ва Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон буда, дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар низ майдондорӣ кардааст.
Зафар Баҳруллозода вақтҳои охир дар Академияи футболи ФФТ тамрин мекард ва чанд рӯз қабл барои идомаи машқу тамрини худ ба Академияи футболи “Реал Мадрид” рафт.
Академияи футболи “Реал Мадрид” дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Узбакистон моҳи августи соли 2021 ба фаъолият шуруъ карда буд. Академияи мазкур футболбозони лаёқатманду боистеъдодро пас аз гузаштан аз санҷиши маҳорат ба шогирдӣ қабул мекунад.
Санҷишро дар Академия мутахассисони испанӣ роҳбарӣ мекунанд. Дарвозабони навраси тоҷик Зафар Баҳруллозода аз ин санҷиш сарбаландона гузашт ва тӯли чанд рӯз мешавад, ки дар Академия футболи “Реал” таҳсилу тамрин дорад.