Имрӯз, 9-уми декабр, дар бозии марҳилаи финалии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе рӯёрӯи ҳам қарор гирифтанд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо натиҷаи 2:0 ба нафъи “Хуҷанд” анҷом ёфт.
Қисмати асосии рақобат бидуни кушодани ҳисоб ба поён расид. Тибқи муқаррарот довар ба вақти асосии дидор 30 дақиқа илова кард. Дақиқаҳои изофакардаи доварро футболбозони шаҳри Хуҷанд самаранок истифода бурда, ду маротиба дарвозабони “Истиқлол” Шоҳрух Қирғизбоевро маҷбур карданд, ки тӯбро аз дохили дарвозааш гирад. Сараввал дар дақиқаи 107-ум нимҳимоятгари хуҷандиҳо Ҳоҷибой Зиёев гол ба самар расонида, дастаашро дар ҳисоб ба пеш баровард. Баъдан дар дақиқаи 117-ум бозигари дигари дастаи шимоли мамлакат Артём Сердук тӯбро вориди дарвозаи “Истиқлол” карда, натиҷаро 2:0 кард. Бо ҳамин ҳисоб “Хуҷанд” “Истиқлол”-ро мағлуб карда, баррандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардид.
Баъди анҷоми бозӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҷоми Тоҷикистонро ба футболбозони дастаи ғолиб тақдим кард. Бояд гуфт, ки ин бори панҷум мешавад, ки дастаи “Хуҷанд” ҷоизадори Ҷоми Тоҷикистон мешавад. Қаблан ин даста солҳои 1997, 1998, 2002, 2008 ва 2017 дар финали мусобиқаи мазкур пирӯз шуда буд. Ба футболбозони дастаи ғолиб дар баробари медалҳои тилло ва Ҷом, инчунин, 25000 сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дастаҳо 20 700 тамошобин иштирок доштааст. Довари асосии бозӣ Беҳрӯз Муртазоев аз шаҳри Душанбе буд.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи “Хуҷанд” барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа “Равшан”-и Кӯлобро ноком карда буд. Бошгоҳи “Истиқлол” бошад, барои гирифтани роҳхат ба ин марҳила тими “Эсхата”-ро шикаст дод.
Мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 баргузор мешавад ва аввалин қаҳрамони мусобиқаи мазкур дастаи “Помир”-и Душанбе ба ҳисоб меравад.
Муҳаммадназар Наҷмиддинов