Бахшида ба 31-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ аз ҷониби БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ҳамбастагӣ бо Лигаи футзали ФФТ, аввалин мусобиқаи футболи хурд байни кормандони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Амонатбонк-2022” баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур аз санаи 17-уми июл то санаи 8-уми сентябр идома ёфта, дар марҳилаи гуруҳии мусобиқа 12 даста дар се гурӯҳ байни ҳам рақобат намуданд.

Дар марҳилаи чорякниҳоӣ дастаи Амонатбонк бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” байни ҳам рақобат намуда, дастаи футболбозони Амонатбонк ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар даври финалии мусобиқа дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо ҳисоби 3:3 бозиро анҷом дода, баъдан ба силсилаи зарбаҳои шашметра дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 5:4 бар дастаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Сипас дастаи футболбозони Амонатбонк бо дастаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” бозиро оғоз намуда, Амонатбонк бо ҳисоби 8:3 бар дастаи Ҳумо ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гардид.

Ҳамин тавр ғолибони мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Амонатбонк-2022” муайян гардиданд: Амонатбонк сазовори ҷои якум, Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” сазовори ҷои дуюм ва Бонки миллии Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм гардид.

Дар анҷом дастаи ғолибон бо ҷоми хотиравӣ, диплом, медалҳо ва ҷоизаи махсуси пулӣ аз ҷониби созмондиҳандагони мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ҷоизаҳои махсуси мусобиқа ба (дарвозабони беҳтарин, бозингари беҳтарин, нишонзани беҳтарин) низ тақдим гардид.

Ташкил ва баргузор намудани чунин мусобиқаҳо барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ташкилотҳои қарзии кишвар мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here