Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Русия бо натиҷаи мусовии 0-0 ба анҷом расид. Рақобати мазкур шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуд. Қисми аввали бозӣ бо бартарии меҳмонон идома кард, вале дар нимаи дуюм футболбозони тоҷик низ зидди ҳамтоёни руси худ рақобати арзанда нишон доданд.
Ин бозии нахустини Тоҷикистон ва Русия дар ҳайати тимҳои миллӣ аст. Баъд аз ин мунтахаби Русия бо дастаи Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард. Бозии мазкур 20 ноябр дар майдони “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Бозии навбатии тими миллии Тоҷикистон маълум нест.
Маврид ба зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои аввалин бор дар Чемпионати Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, иштирок мекунад. Ҳамчунин, дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии ин мураббӣ дар мусобиқаи “King,s Cup 2022”, ки моҳи сентябр дар кишвари Тайланд доир шуд, иштирок кард ва ҷоми мусобиқаро ба даст овард. Дар умум, дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди омадани Петр Сергт 9 бозӣ анҷом додааст: 5 ғалаба, 2 мусовӣ ва 2 бохт.
Дар рейтинги охирини Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), ки моҳи октябр нашр шуд, дастаи мунтахаби Русия мавқеи 33 касб кардааст. Дастаи Мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 108 мавқеъ дорад.