25-уми май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии Суперҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2025 чемпиони кишвар «Истиқлол»-и Душанбе ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ карданд. Вақти асосӣ ва қисмҳои иловагӣ мусовӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт ва дар зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 «Истиқлол» пирӯз шуд.
Дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” маротибаи чорум аст, ки барои Суперҷоми Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Дар се бозӣ «Истиқлол» ғолиб омад буд. Барои «Истиқлол» ин 13-умин унвони қаҳрамонӣ дар Суперҷоми Тоҷикистон мебошад.
Блоки рекламавӣ