Аз 15 сентябр то 15 ноябр Озмуни байналмилалии шореҳони ҷавон, ки барои кӯдакони 9-14-сола дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва Youtube роҳандозӣ шудаастт, баргузор мешавад. Ба ҳайати ҳакамон рӯзноманигори 12-сола Язн Тоҳо, ки унвони ҷавонтарин шореҳи футболи ҷаҳонро дорад, шомил хоҳад шуд.

Кӯдакон аз Тоҷикистон даъват карда мешаванд, ки наворе сабт кунанд, ки дар он дар як сегменти 1-дақиқаӣ дар як бор кӯшиш бидуни таҳрир бозиро бо забони англисӣ шарҳ диҳанд ва наворро дар шабакаи иҷтимоӣ бо ҳаштаги # F4FCommentator бо нишон додани синну сол ва кишвари истиқомати худ нашр кунанд.

Озмун дар ду марҳила баргузор мешавад:

Марҳилаи I – интихоби беҳтарин шореҳони ҷавон дар ҳар кишвар. Аз 15.09.2020 то 15.10.2020.

Марҳилаи II – интихоби ғолиби озмун тавассути овоздиҳии онлайн. Аз 15.10.2020 то 11.09.2020.

Натиҷаи озмун аз 10.11.2020 то 15.11.2020 эълон карда мешавад.

Иштирокчиёни Озмун аз тӯҳфаҳои арзандаи Барномаи байналмилалии иҷтимоии “Футбол барои дӯстӣ” маҷмӯи таҷҳизоти касбии аудио-видео ва тӯҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои лоиҳа мукофотонида мешаванд.

Ширкати Язн Тоҳо дар ҳайати ҳакамон имсол барои «Футбол барои дӯстӣ» рамзист ва барои ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа ҳамчун намунаи олӣ ва ҳавасмандии хуб хоҳад буд. Дар соли 2018, Язн дар чорабиниҳои ниҳоии мавсими шашум дар Маскав ширкат варзид. Вай аввалин шуда дар бораи бозии ҳалкунандаи «Ҷоми ҷаҳонии футбол барои дӯстӣ»-ро ба забони англисӣ шореҳӣ кард. Аз ин пеш ӯ ин корро танҳо бо забони арабӣ анҷом дода буд. Ҳамзамон, Язн ва беш аз 2000 нафар иштирокчии барнома ба бозии ифтитоҳии Ҷоми Ҷаҳон-2018 байни Русия ва Арабистони Саудӣ даъват шуданд. То мавсими ҳафтниҳоии ин Барнома Язн дар Мадрид забони испаниро омӯхт.

– Ман футболро аз 5-солагӣ оғоз кардам. Пас аз он ман бозии аввалини худ Барселона – Реалро шарҳ додам. Медонам, ки ин бениҳоят ғайриоддӣ ба назар мерасад, аммо ҳамин тавр шуд. Ба ман хеле писанд аст, ки на танҳо бозиҳоро шореҳӣ кунам, балки футбол бозӣ кунам ва аз ин ҳам бештар худро дар формати нави барномаи «Футбол барои дӯстӣ» санҷида, дар бозии онлайн, ки моҳи ноябр шурӯъ мешавад, ширкат варзам. Ман бесаброна интизори оғозам, то ҳамаи дӯстонам барои иштирок даъват кунам ва дар майдони виртуалӣ бо ҳам вохӯрем», – мегӯяд Язн Тоҳо.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь