Шоми дирӯз дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз шуд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар даври аввал бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар lfcnfи Лубнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягона ва пирӯзиоварро ҳимоятгари клуби «Истиқлол»-и пойтахт Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 87-уми вохӯрӣ зад.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Эрон бар дастаи Непал бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омад.
Дар даври дуюми сабқати интихобӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми октябр дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Непал бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Дастаи Эрон бо дастаи Лубнон вомехӯрад.
Блоки рекламавӣ