Ба таври рекордӣ боло рафтани нархи  қаланфури булғорӣ, тутзаминӣ ва дигар  маҳсулоти ниёзи аввалия сокинони вилояти Хатлонро дар ин моҳи Рамазон руҳафтода кардааст.

Ба иттилои сокинон ва мушоҳидаҳои рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ дар бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар нархи як килограм қаланфури булғорӣ 80-100 сомонӣ, помидору бодиринг аз 15 то 20 сомонӣ, картошкаву сабзӣ 5 сомонӣ,  пиёз 11 сомонӣ ва ба ин монанд нархи дигар маҳсулоти ниёзи аввалия арзиш дошт.

Дар ин баробар нархи тутзаминӣ, ки дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, 18 километр аз маркази маъмурӣ дуртар  парвариш карда мешавад, ҳоло аз 30 то 50 сомонӣ арзиш дорад.

Зимини суҳбат масъулони Хадамоти зидиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон ва масъулони бозорҳои Фаровон ва Ҳоҷи Шарифи шаҳри Бохтар гуфтанд, ки назоратро пурзӯр мекунанд, то соҳибкорон нархро худсарона боло набаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь