Рӯзҳои 1 ва 2-уми ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe (Ҳаятт Ридженси Душанбе) Форуми солонаи осиёимарказии соҳибкорзанон ва намоиш-фурӯши “DESIGN DAYS EXPO 2019” баргузор мегардад. Чорабинӣ дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба Рушди соҳибкории бонувон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Ба гурӯҳи кории мақсаднок намояндагони муассисаҳои давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва онҳое, ки фаъолияташон ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар ҷумҳурӣ равона карда шудааст, дохил мешаванд.
Анҷуман инчунин таҳти сарпарастии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бо назардошти натиҷаҳои солҳои гузашта, Форуми минтақавии соҳибкории занон ва намоишгоҳи «DESIGN DAYS EXPO 2019» ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар минтақа равона карда шудааст, ки он ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мувофиқат мекунад.
Фаъолияти форум ба муайянсозӣ ва мустаҳкамкунии барномаҳои рушди соҳибкории занон дар минтақаҳои деҳоти Осиёи Марказӣ тавассути дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва косибӣ (ҳунармандӣ) равона карда мешавад.
Чорабинии мазкур тақрибан дусад ширкатҳои косибӣ ва сайёҳиро, ки таҳти роҳбарии занҳо фаъолият мекунанд, инчунин корхонаҳои иҷтимоӣ ва ассотсиатсияҳои касбии тиҷоратии Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад.
Иштирокчиён ва меҳмонон дар кори форум масъалаҳои зеринро муҳокима хоҳанд кард:
– Чорчубаҳои ҳуқуқии рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ;
– Таҳкими “шабакаи” касбӣ;
– Тавсеаи имкониятҳои бонувон дар рушди сайёҳии минтақавӣ ва косибӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдасти деҳот.
Мақсади асосии форум, ин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари сармоягузорӣ ба соҳибкории занон дар Тоҷикистон аз ҷониби тиҷорати калон ва миёна мебошад, ба шарте ки фазои дӯстона ба вуҷуд оварда шуда, соҳибкорони хурду миёна аз ҷониби мақомот дастгирӣ гардад.
Барномаи чорабинӣ ҷаласаҳои гуногун ва дарсҳои кушодро дар бар мегирад, ки ба рушди соҳибкории гендерӣ, пешсафӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти косибӣ нигаронида шудааст.
Дар назар аст, ки намоиш-фурӯши «DESIGN DAYS EXPO 2019», ки дар он маҳсули кори дизайнеру ҳунармандони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ намоиш дода мешавад, меҳмононро бо сифат, нодирӣ ва рангорангии маҳсулоти худ хушнуд хоҳад кард. Намоиш-фурӯш барои ҳамаи меҳмонон аз соати 09.00 то 18.00 кушода мебошад.
Форуми солонаи осиёимарказии соҳибкорзанон ва намоиш-фурӯши “DESIGN DAYS EXPO 2019” бо кӯмаки шарикони рушд, аз ҷумла Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Тоҷикистон, Институти «Ҷамъияти Кушод» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Коммерсбонк, Занони СММ ва ғайра ташкил карда мешавад. Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон ташкилкунандаи техникии форуми мазкур мебошад.