Маҷаллаи Forbes бо истинод ба ҳисоби маошҳои сиёсӣ гузориш медиҳад, ки дар байни сарони давлатҳо раҳбаре, ки моҳонаи бештаринро мегирад, сарвазири Сингапур Лоуренс Вонг бо даромади солонаи тақрибан 1,69 миллион доллар аст.

Дар ҷойи дуюм Виола Амҳерд, раисҷумҳури Суис, бо маоши солонаи 569,5 ҳазор доллар, дар ҷойи сеюм нахуствазири Австролиё Антонӣ Албанез бо даромади 412,5 ҳазор доллар дар як сол қарор гирифтаанд. Президенти ИМА Ҷо Байден бо маоши солонаи 400 ҳазор доллар дар ҷойи чаҳорум қарор дорад. Дар панҷгонаи раҳбарони сердаромади ҷаҳон садри аъзами Утриш Карл Неҳаммер бо маоши солонаи 316,7 ҳазор доллар қарор дорад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо маоши солонаи 113,6 ҳазор доллар дар ҷойи 28-ум қарор дорад ва аз ҳама камтарин раҳбар нахуствазири Ҳабашистон Абий Аҳмад Алӣ аст, ки дар як сол 1,7 ҳазор доллар маош мегирад.

Дар раддабандӣ маълумот аз маоши раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ оварда нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь