Филми ватании «Дар талоши ҳақиқат» маротибаи аввал дар синамҷашнвораи «Дебют», ки аз 15 то 29 июл дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор мегардад, иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
«Имрӯзҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон имконияту шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Бахусус дар соҳаи кино майдон хеле фарох аст ва ин имкон медиҳад, ки мо, ҷавонон тавонем ҳунару малакаи худро нишон диҳем. Барои муваффақ шудан дар дилхоҳ соҳа, пеш аз ҳама, бояд ба худ бовар ва ба кор муҳаббат дошта бошӣ. Яъне инсон набояд бигӯяд, ки ман аз уҳдаи иҷрои ин ё он вазифа намебароям, баръакс, баҳри расидан ба мақсади дар пеш гузоштааш бояд талош намояд, то муваффақ шавад»,-иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳунарманд ва коргардони филм Манзаралӣ Шералӣ.
Коргардон гуфт, ки имрӯз роҳбарияти давлату ҳукумат ва муассисаи «Тоҷикфилм» барои офаридани филмҳои нав моро дастгирӣ менамоянд, ки ин барои пешрафти кор хеле муҳим аст. Бо ҳама боварӣ ва шароите, ки Ҳукумати мамлакат барои пешрафти фарҳанг ва синамои миллӣ барои мо, ҷавонон фароҳам овардааст, мо низ вазифадорем, ки синамои миллии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Мақсади мо ин навбат низ муаррифӣ намудани кинои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кинои тоҷик рушд намуда, коргардонҳои ҷавон тавонистанд бо сабти филмҳои кӯтоҳу дароз, ба монанди «Таксӣ», «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Дов», «Охирин сайди сайёд», «Этюд», «Сарбор» ва ғайра соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гарданд. Хусусан коргардонҳои ҷавон Шарофат Арабова, Аниса Собирӣ, Абдулҳай Зокиров, Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Умедшо Мирзоширинов, Манзаралӣ Шералӣ, Файзулло Файз, Румӣ Шоазимов, Муҳиддин Музаффар ва дигарон тавонистанд дар чандин фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргарданд.
Ёдовар мешавем, ки филми «Дар талоши ҳақиқат» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ шуда, нахустнамоиши он 26 январи соли равон дар кинотолори «Кохи Наврӯз» доир гардида буд.