Бонки Эсхата иттилоъ медиҳад, ки филиали  ҶСК “Бонки Эсхата” дар н.Ҷ.Расулов ба макони наву барҳаво кӯчид. Бонк мизоҷони худро ба идораи нави худ, воқеъ дар суроғаи н.Ҷ.Расулов, ш.Меҳробод, к.Нурматов 36а даъват мекунад.

Филиал бо тамоми инфрасохтори муосир муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Тарҳ ва ороиши нав ба модели инноватсионии хизматрасонӣ равона карда шудааст. Фасади зебои бино, минтақаи худхизматрасонии 24/7 (яъне банкомати филиал 24 соат фаъолият мекунад) ва шабакаҳои рақамӣ баҳри пешниҳоди хизматрасонии муосири баландсифат минбаъд мусоидат хоҳад кард. Акнун филиал дар самти дастрасӣ, суръат ва сифати хизматрасонӣ барои мизоҷон боз ҳам қулайтар гардид.

Санаи 28 октябри соли ҷорӣ маросими кушодашавии идораи нави филиал баргузор гардид, ки дар он намояндагони Хукумати ноҳияи Ҷ.Расулов, саҳомон, роҳбарону кормандони сарбонк ва филиал, мизоҷону шарикон ва роҳбарони муассисаҳои молиявии ноҳия ширкат варзиданд.

Роҳбарии филиал бар души директори он Бобоҷонов Яҳё Ёқубович вогузошта шудааст. Дар филиал 48 нафар кормандон фаъолият мебаранд. Бори аввал филиал соли 2009 таъсис дода шуда, то ба имруз ба зиеда аз

25 800 нафар мизоҷон хизматрасонӣ менамояд.

Филиал ба мардуми ноҳия хизматрасонӣ намуда, барояшон тамоми маҳсулотҳои бонкиро аз қабили қарз, пасандоз, интиқоли пулӣ, кортҳои бонкӣ, хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ, бонки мобилӣ ва дигар хизматрасониҳои молиявиро пешкаш медорад.

Чуноне, ки директори филиал Бобоҷонов Я.Ё иброз дошт, дарҳои мо ҳамеша барои мизоҷону меҳмонон кушода аст. Мо бо хушҳолӣ баҳрашон маҳсулоти лозимаро мувофиқи талаботи мизоҷон интихоб намуда, пешниҳод менамоем. Ҷойгиршавӣ дар макони нав – ин худ як қадами навбатии марҳилаи нави рушду пешравӣ аст, ки баҳри он бо аҳли кормандон содиқона фаъолият менамоем. Марҳамат ба идораи нави мо!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь