Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) аз тағйёроти кадрӣ дар зинаи болоии ин ниҳод хабар медиҳад. Давлматманд Исломов вазифаи дабири кулли ФФТ-ро тарк кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Фурқат Ахмедҷонов дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ қаблан роҳбарии Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта, дар ин вазифа Давлматманд Исломовро иваз кард.

Гуфта мешавад, Давлматманд Исломов бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи дабири куллро тарк кард, аммо то ин дам муайян нест, ки ӯ ба чӣ вазифаи таъйин шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here