Фестивали Go Viral рӯзҳои 26-27-уми май дар кинотеатри “Зебуннисо”-и Душанбе баргузор гардид. Дар бахшҳои тиҷорат, технология, медиа ва фарҳанги фестивал наздики 1000 нафар шунавандаву баромадкунанда иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ баромадкунандагон беш аз 30 нафар, аз ҷумла рӯзноманигорон Наргис Қосимова ва Манижа Ахмедова, блогер Рафаэл Гулов, ҳуқуқшинос Дилрабо Самадова, ҳаҷвнигор Ҳабибҷон Баҳриддинов, намояндагони бонки “Алиф”, ташкилоти “Ҳумо”, “Coca-Cola” инчунин аз хориҷи кишвар низ иштирок доштанд ва дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.
Дар бахши фарҳангӣ гуруҳи “Авесто” овозхон Даниел Рустамов ва ҳунармандони авғону амрикоӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Go Viral фестивали минтақавӣ аст, ки ҳамасола дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркменистон баргузор мешавад. Имсол бори 7-ум аст, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд. Фестивалро дар Тоҷикистон намояндагии Институти ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо маблағгузории Департаменти давлатии Амрико мегузаронад.