Дар пайи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои 26 ва 27-уми майи соли ҷорӣ чор сокини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон ҷон бохтанд.
Милитсияи Хатлон хабар додааст, ки 26-уми майи соли 2023, тахминан соати 23:45, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ“Шаҳбозҷони Назаралӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Меҳвар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Фарзонаи Раҷабмурод, соли таваллудаш 1987, Алимардонова Фирӯза Рӯзиқуловна, соли таваллудаш 2008 ва Алимардонов Анушервон Рӯзиқулович, соли таваллудаш 2017, сокинони ҳамин ноҳияро пахш кардааст. Дар натиҷа ҳарсе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин 27-уми майи соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Эмомов Фирӯз Ҳамрохонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми дар ҳолати мастӣ аз самти деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Калинин ба самти ҷамоати деҳоти Ғиёсови Ҷомӣ ҳаракат кардан, дар назди канали обгузари деҳаи Чашмасор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузар чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур, Бобохоҷаев Раҷабмурод Аҳмадович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.