Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар 1370 ҷинояти коррупсионӣ ошкор карда шудааст, ки 375 адади он ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомил будаанд.

Дар ин бора сардори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ҷиноятҳо аксаран ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд мебошанд.

– Аз ҷумла 389 ҷинояти қаллобӣ, 9 ҷинояти саркашӣ аз андоз ва супоридану пардохти андозҳо, 82 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст,- гуфт Султонзода.

Агентӣ мегӯяд, дар ним соли равон дар соҳаи маориф ва илм 85 адад, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 83, нақлиёт 12, кишоварзӣ 24, меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 53, саноат ва технологияҳои нав 7, молия 3, дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 53, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 15, ШСХК «Барқи тоҷик»15, соҳаи бонкӣ 139, субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ 257, соҳибкорони инфиродӣ 265 ва дигар вазорату идораҳо 187,  ҳамчунин, аз ҷониби кормандони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 172 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифтаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, аз ҷониби мутахассисони Агентии мазкур дар муассисаҳои буҷетии кишвар 594 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, 252,1 миллион сомонӣ зарар ошкор кардаанд, ки  161,7 миллион сомонӣ ва ё 64,1 дарсади он барқарор карда карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Мо фазодзадатаринро он мефахмем, ки дар ин руйхат аз хама шумораи кам дорад, зеро “камхо” тавонистаанд, бечораи муаллиму духтур натавонистааст, ки чонашро бихарад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь