Фаслномаи нави «Самарқанд», ки ба ҷашни Наврӯз ихтисос ёфтааст, аз субҳи имрӯз, 7 март, дар китобфурӯшиҳои Эрон ба фурӯш мебарояд. Дар ин бора Сӯҳроби Зиё, рӯзноманигори тоҷик, ба «Фараж» иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, он дуввумин шумораи фаслнома буда, бо аксе ки Афшини Шоҳрӯдӣ аз маросими Наврӯз дар Тоҷикистон гирифтааст, ҷилдбандӣ гардида, дар 304 сафҳа тадвин шудааст.

– Дар миёни матолиби ин шумора мақолаи доктор сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ “Наврӯз ва муколамаи фарҳангии Араб ва Аҷам” нашр гардидааст, – афзуд ҷаноби Зиё.

Сӯҳроби Зиё дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, фаслнома то имрӯз ба Тоҷикистон наёмадааст ва «он нав асту рӯзе ҳатман ба кишвари мо ҳам хоҳад расид».

Ёдовар мешавем, фаслномаи “Самарқанд” ба сарпарастии Алии Деҳбошӣ, бунёдгузор ва сардабири маҷаллаи “Бухоро”, тадвин ва дар шаҳри Теҳрон чоп мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь