Президенти Фаронса Эммануэл Макрон навореро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаасту дар он ҳамсараш Бриҷит ӯро торсакӣ мезанад, шарҳ дод.
Дар навор дида мешавад, ки президент дар баромадгоҳи ҳавопаймо истодааасту ногаҳон дасти ҳамсараш дар кадр пайдо мешавад. Дар ҳамин ҳол, Бриҷит Макрон дар навор дида намешавад, ки ин саҳна ба назар аҷиб менамуд. Баъдтар хонуми аввали Фаронса, вақте аз зина поён мерафт, ба дасти дароз кардаи шавҳараш аҳамият надод ва дасташро ба такягоҳи зина гузошт.
“Ману занам, чунон ки мо аксар вақт мекунем, фақат шӯхӣ мекардем, дигар ҳеҷ чиз нест”, гуфт раҳбари Фаронса. Макрон аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки чӣ тавр “як шӯхии оддӣ байни ҳамсарон ба фалокати миқёси сайёра табдил ёфт”.
Вай инчунин дар бораи як ҳолати дигаре, ки дар интернет пайдо шуд, шадидан сухан кард. Ин наворе аз қатора дар масири Киев буд, ки дар он ҷо ӯ садри аъзами Олмон Фридрих Мерз ва сарвазири Бритониё Кейр Стармерро ҳамроҳӣ мекард. Дар интернет гузинаҳое паҳн шуданд, ки гӯё президенти Фаронса як бастаи маводи мухаддирро аз миз бардошта, пинҳон кардааст. Макрон инро бемаънӣ номид ва шарҳ дод, ки он як дастмоли оддии коғазӣ буд.