Роҳибаи фаронсавӣ Люсил Рандони 118-сола ҳангоми хоб дар хонаи пиронсолон даргузашт. Вай пас аз марги зани ҷопонӣ Кейн Танака дар моҳи апрели соли 2022 куҳансолтарин фарди рӯи замин буд, хабар медиҳад “Коммерсант”.

«Ин як андӯҳи бузург аст, аммо… ин хоҳиши ҳамроҳ шудан ба бародари маҳбубаш буд. Барои вай, ин озодӣ аст, ”гуфт намояндаи хонаи пиронсолон Сент-Кэтрин-Лбора дар Тулон, ки роҳиба дар он ҷо зиндагӣ мекард.

Люсил Рандон 11-уми феврали соли 1904 таваллуд шудааст. Дар ҷавониаш муаллими хусусӣ дар хонаи буржуйҳо буд ва сипас дар бемористони ҳарбӣ кор мекард. Вай соли 1979 роҳиба шуд. Ин зан 30 солро дар дайри Савой сипарӣ кард.

Люсил Рандон то синни 108-солагӣ корашро идома дод. Дар аввалҳои солҳои 2010-ум ӯ комилан нобино шуд ва маҷбур шуд, ки аз аробачаи маъюбӣ истифода кунад. Ин зан гуфтааст, ки сабаби дарозумрии ӯ истифодаи шароб ва шоколад будааст. Люсил Рандон дар синни 116-солагӣ ба коронавирус гирифтор шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here