Муассиси Telegram Павел Дуров шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Ле Буржеи Фаронса, ки бо ҳавопаймои хусусии худ аз Озарбойҷон омада буд, боздошт шуд.
Қаблан Дуров дар Фаронса дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Ба гуфтае, ӯро маҳз президенти Фаронса Макрон барои як шоми корӣ ба Порис даъват кардааст ва Павел бо вуҷуди он, ки медонист дар ин кишвар ӯро меҷӯянд, даъвати президентро ба назар гирифта, ба Фаронса омад. Сабаби дастури боздошти ӯ саркашӣ аз ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса ва ҳамчунин набудани модератсияи кофии муҳтаво дар Telegram будааст. Ба ин далел, ӯ дар шарикӣ дар фаъолиятҳои ғайриқонуние, ки дар ин платформа рух медиҳанд, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, терроризм, паҳн кардани порнографияи кӯдакона, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо гумонбар дониста мешавад. Ӯро то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Додгоҳ ӯро бар ивази гарав ба маблағи панҷ миллион евро озод кард. Вай зери назорат қарор дорад. Бо қарори додгоҳ Дуров наметавонад Фаронсаро тарк кунад ва ҳафтае ду бор бояд ба полис ҳозир шавад.
Павел Дуров зодаи Русия буда, шаҳрвандии Аморати Араб ва Фаронсаро низ дорад. Ӯ буд, ки дар Русия шабакаи «ВКонтакте»-ро роҳандозӣ кард ва сипас онро фурӯхту дар «Telegram»-ро сохт, ки дафтари кораш дар Аморати Араб аст.