Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Майкл Курилла бо мақсади баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 июн аз шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидан кард. 

Дар ҷараёни сафараш генерал Курилла бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиа генерал-полковник Шералӣ Мирзо, сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода ва муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-лейтенант Фарҳод Камолзода ҷиҳати баррасии талошҳои муштарак баҳри таҳкими амнияти сарҳадӣ, рафъи таҳдидҳои минтақавӣ ва расонидани кумак ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мулоқотҳо гузаронид.

Генерал Курилла дар доираи вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти Тоҷикистон ҷонибдории Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳимоят аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон таъкид кард. Генерал Курилла бори дигар изҳор намуд, ки Фармондеҳии марказии ИМА омода аст аз амнияти марз, мубориза бо терроризм ва амалиёти Тоҷикистонро зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирӣ намояд. Ҷаноби Курилла инчунин ҷонибдории ИМА-ро аз сулҳ, шукуфоӣ, амният ва ҳуқуқи башар дар минтақа қайд намуд.

«Мо нақши пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини амнияти Осиёи Марказиро баланд арзёбӣ мекунем. Муносибатҳои пойдори мо бо Тоҷикистон таърихан мустаҳкам мебошад; Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шарикони пойдортарини мо дар минтақа мебошад. Пас аз ду ҳафта солгарди заррин қайд карда мешавад, зеро 1 июли соли 1992 аввалин созишнома оид ба рушди тиҷорат байни кишварҳои мо ба имзо расидааст. Ман бесаброна интизорам, ки бо такя ба ин муносибатҳои мустаҳкам, ҳамкориамонро давом диҳем» – иброз дошт генерал Курилла.

Генерал Курилла дар гуфтаҳои худ қайд кард, ки тайи 30 соли охир Иёлоти Муттаҳида ба бахши амнияти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 330 миллион долл. ИМА кумак расонд. Кумаки мазкур аз чорабиниҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва рушди зерсохтор иборат буда, мақсад аз он мусоидат ба Тоҷикистон дар таъмини амнияти марзҳои давлатӣ, бахусус бо Афғонистон, ва ошкор кардани таҳдидҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир мебошад.

Генерал Курилла ба шарикони худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории устувор изҳори сипос кард ва ваъда дод, ки шарикиро ҷиҳати ҳалли чолишҳои нав давом хоҳад дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь