Китоби нави соҳибқалами маъруф Наҷотхон Исомидинова “Фариштаи безабон” ба табъ расид, ки бо се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ навишта шудааст.

Китоб бо сарсухани Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, лауреати мукофоти вилоятӣ ба номи Ҳоҷӣ Содиқ оғоз меёбад. Мауллиф аввал асарҳои пештараи Наҷотхон “Хишти аввал”, “Нури одамият”, “Марди Худо”, “Сиришки хунин”, “Ашки мармар”, “Адабгоҳи муҳаббат”, “Оҳи шабнам”-ро пеши назар оварда, баъд фикрашро оид ба китоби тозаэҷоди “Фариштаи безабон” изҳор мекунад.

Асари “Фаришта безабон” ба кӯдакону ҷавонон бахшида шудааст, ки аз забони гӯё маҳруманд, вале “дилашон софу беолоиш буда, саршори меҳру муҳаббатану шабеҳи фариштаҳои осмонину, меҳрубону дилрав ҳастанд”.

Ягона нуқсон ин аст, ки онҳо забони гӯё надоранд, фикру андешаҳояшонро ба воситаи имою ишора баён менамоянд. Ҳамон имою ишора, ки мисли оби софи ҷӯйи равон аз қалб баромада бар қалби дигаре менишинад. Онҳо мехоҳанд мисли дигарон соҳиби хонаю дар, зану фарзанд шаванд, вале бисёриҳо безабонии онҳоро баҳона карда садди роҳ мешаванд. Инак, муаллиф Наҷотхони Исомидин ҳамчун модар ба миён даромада дили чандеро меёбад, ҷавонписарону ҷавондухтарони безабонро соҳибхонаю дар, зану фарзанд мегардонад ва ин таҷрибаи модаронаи худро ба се забон “Фариштаи безабон”, “Безмолный Ангел”,  “Тилсиз фаришта” навишта диққати ҳамагонро ба ин масъалаи ҳаётӣ ҷалб мекунад. Одамони зиёде дар Исфара ба атрофи он ба ин даъвати муаллиф лаббай мегӯянд, вале муаллиф мехоҳад, ки ин масъалаи муҳим байни халқҳои дигар, аз ҷумла русҳою ӯзбекҳо домон паҳн кунад.

Заҳмати пурмашаққати муаллифро на бо зар ва на бо зевар наметавон баргардонд. Онро танҳо одаму одамгарӣ, меҳрубонию дилсӯз ғамхорию беғаразӣ метавонад баргардонад.

Муҳаммад Лутфуллозода, акадмики АТТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь