Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатллон 7,1 километр роҳ бо паҳноии 6 метр бо саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯсти ноҳия бо маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ мумфарш карда шуд.
Дар ифтитоҳи ин роҳ сарвазир Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Мансур Умаров иштирок карданд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон таҷдиду мумфаршкунии 144,4 километр роҳи автомобилгард, аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон 137 километр ба анҷом расонида шуда, корҳои навсозӣ дар ин самт идома доранд.
Блоки рекламавӣ