Дар мавзеъи кокули ҷамоати деҳоти Хутани  ноҳияи Фархори вилояти Хатлон  50 гектар боғи хуч бунёд карда шуд.

Аз маркази матбуотии раиси ноҳияи Фархор иттилоъ доданд,ки бо дастгирии роҳбари муассисаи давлатии  хоҷагии ҷангали ноҳия, Ятимов Абдулмуъмин, дар мавзеи Кокули Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор дар масоҳати 50 гектар замин боғи хуч бунёд гардид.

Гуфта шуд,ки дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ иштирок намуда, барои нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда ва минбаъд васеъ намудани майдони боғи мазкур ва рушд додани имтеҳсоли хуч, ба масъулин ва кишоварзони ноҳия дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь