Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Фархор ба 36 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳия калиди хонаҳои навро доданд.
Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари кишвар, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ дар мудати 3 моҳ сохта шуданд.
Блоки рекламавӣ