Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омад, истиқбол гирифт.
Сарони ду давлат дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ҳам мулоқот карданд.
Баъди мулоқот президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дари боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро дар шаҳри Душанбе боз карданд. Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.
Дар давоии ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ва вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.
Сипас, роҳбарони ду кишвар дар ҳамин шаҳр дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан карданд. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки 16,4 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» 18 нафар саҳмдор дошта, дар токзори он асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешаванд.
Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ ҳамзамон дар майдони 4,8 гектар писта парвариш меёбад ва аҳли заҳмати он дар рӯёнидани ғалладонагиҳо низ таҷрибаи ғанӣ доранд.