Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз содир шудани чанд ҷинояти дуздии чорво хабар дод, ки дар ҷинояткорон сари вақт боздошт шудаанд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён марди 53-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 23:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагиаш, воқеъ ноҳияи Вахш 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 3 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст. Дар робита ба ин марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шудаааст.

Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи марди 53-солаи сокини деҳаи Руғунди шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 3-юм ба 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 01:20, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Наврӯз-Бобо” 3 сар чорвои калони шохдор, ки арзиши умумиашон 20 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар ноболиғи 17 ва 15-солаи сокинони деҳаи Руғунд бо гумони дуздӣ дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шудааст.

Ба мақомоти милитсия марди 63-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 3-юми сентябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти зикргардида 4 сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 11.000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оби-киик ва марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Айнии ҳамин ноҳия бо гумони содир кардани ин ҷиноят дастгир гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь