Як ҷавон худсарона ба хонаи истиқоматии сокини шаҳри Душанбе даромада, аз он бо роҳи зӯрӣ духтари 22-соларо бо худ бурдааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 52-солаи сокини кӯчаи Камоли Хуҷандии пойтахт дар хусуси рабуда шудани духтараш муроҷиат кардааст. Бино ба иттилои ӯ, 27-уми декабри соли 2017, шахси номаълум худсарона ба хонааш ворид шуда, аз он ҷо духтари 22-солаашро маҷбуран гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе бо гумони одамрабоӣ дастгир карда шуд.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Блоки рекламавӣ