21-уми августи соли равон ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ №1-и ноҳияи Сино, шаҳрванд Ҷ. Исматови 41-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб муроҷиат кардааст, ки ҳамин рӯз дар ҳангоми дар маҳаллаи Гипрозем қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро латукӯб карда, бо роҳи зӯрӣ аз дасташ 1600 сомониро гирифтаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғон А. Азимбоев соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи кӯчаи Балъамӣ, М. Додаров соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи А. Кошевой ва С. Холов соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи кӯчаи Нахимова ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Худи ҳамин рӯз ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Ҷ. Мирзоев, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷаалолиддини Румӣ бо ариза шикоят кардааст, ки 20-уми август, тахминан соати 22:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Дуто”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов даромада, аз он ҷо як миқдор ноқилҳои аз метали мисӣ, ки арзишашон 10000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд С. Миров соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудааст.